Шаҳринав: Оё «Барнома»… иҷро мешавад?
Шаҳринав, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- То имрӯз бештар аз 4 ҳазору 610 адад лампаҳои камасрафи корношоямшуда аз аҳолӣ ҷамъ оварда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои коммуналӣ безарар гардонида шуд, иттилоъ доданд ба хабарнигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид. Раиси ноҳия Исматулло Зайдов дар бораи натиҷаҳои меҳнатӣ барои нимсолаи аввал маълумоти муфассал дод. Зимни суханронии раис қайд гардид, ки кишоварзони ноҳия барои рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулотҳои кишоварзӣ саъю талоши беандоза доранд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои ноҳия ба 56 миллиону 702 ҳазору 590 сомонӣ расид. Дар асоси «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи солҳои 2007-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст барои сохтмони биноҳои шуъбаи ВКД, маркази ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, прокуратураи ноҳия, қасри фарҳанг бо китобхонаи бачагона замин ҷудо гардида сохтмони онҳо дар ҳоли идома қарор доранд. То ин дам дар асоси барномаи мазкур як қатор биноҳои маъмурӣ ба истифода дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






