Шароити хуби табобатӣ барои шахсони маъюб
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар рӯзи таҷлили иди маъюбон бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дармонгоҳи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дармонгоҳ дар саҳни Маркази миллии тиббӣ ҷойгир буда, дар он тамоми шароити ташхисию табобатӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ташхиси тамоми узвҳои дарунӣ бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар ҳуҷраи ташхиси гӯшу гулӯ ва бинӣ тавассути дастгоҳи муосир метавон дар як вақт ҳам ташхису ҳам табобат ва ҳатто ҷарроҳиҳоро бо сифати баланд анҷом дод. Дастгоҳҳои ултрасадо ва доплерӣ, ташхиси колпоскопӣ ва сабти барқии дил, озмоишгоҳи ташхисии муосир метавонанд сари вақт ва бо сифати баланд бемориҳоро муайян намоянд.Ба ин дармонгоҳ шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд аз тамоми ҷумҳурӣ метавонанд муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






