Шоирони форсизабон сарҷамъ гардиданд
Душанбе, 15.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Эрон нахустин ҳамоиши байналмилалии шоирони форсизабон баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ нахуст дар шаҳри қадимаи Исфаҳон ифтитоҳ гардида, баъдан дар Теҳрон идома ёфт. Дар нахустин ҳамоиши байналмилалии шоирони форсизабон гурӯҳе аз шоирони шинохтаи тоҷик -Муъмин Қаноат, Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш ва Муҳаммадалӣ Аҷамӣ Тоҷикистонро намояндагӣ карда, ҳамзамон дар толори «Сура»-и ҳавзаи ҳунарии Исфаҳон, «Меҳр»-и Теҳрон ва дар созмони ҳунарии «Авҷ» маросими бузургдошти шуарои тоҷик баргузор гардид. Муҳаммадҳасани Санъатӣ-раиси Ройзанаи фарҳангии Сафорати Эрон дар Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки ҳадаф аз баргузории нахустин ҳамоиши шоирони форсизабон дар Эрон гирди ҳам овардан ва тақвияти ҳамкории шоирони форсизабон ва ташаккули забон ва шеъри форсист. Дар ҳамоиш шоирони форсизабон аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Русия иштирок намуда, масоили марбут ба густариши ҳавзаи шеъри форсиро матраҳ сохтанд.Ҳамзамон М. Санъатӣ афзуд, ки дар доираи баргузории ҳамоиш шоирони форсизабон аз ёдгориҳои таърихию бостонии сарзамини Эрон, назири осори таърихии Исфаҳон, хонаи Имом Хумайнӣ дар маҳаллаи Ҷаморони Теҳрон, Кохи Ниёварон боздид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






