Шукӯҳи ваҳдати тоҷикон дар Москва
Душанбе, 2.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори медиа-холдинги тоҷикии «Тоҷинфо» дар кохи киною-консертии «Мир» намоиши идона бо номи «Сулҳ ба хонадони ту, Тоҷикистон!» баргузор гардид, ки дар он зиёини тоҷикистонии муқими Русия, донишҷӯён ва аспирантҳои макотиби олии Москва, раисон ва аъзои фаъоли диаспораи миллии тоҷикон аз шаҳру навоҳии мухталифи Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони дигар халқияту миллатҳои Русия иштирок намуданд. Дар оғози барнома дар экрани бузург филми мустанади истеҳсоли Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон «Наҷотбахши миллат» ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳозирин ҳангоми тамошои ин филм ба саҳифоти таърихӣ, гуфтушунидҳои миёни тоҷикон, равандҳои расидан ба сулҳу субот дар кишвар ва заҳматҳои пайдарпайи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ошно шуданд. Сипас бо иштироки ҳунармандони тоҷик — шоу-ансамбли карнайнавозони «Садои Хуҷанд», гурӯҳи рақсии «Гулчин», ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣҲасани Ҳайдар ва овозхони ҷавон Зоъири Сафарзод консерти идона баргузор гардид. Ҳозиринро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо иди Ваҳдат табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар асоси дастури маслиҳатҳои Президенти кишвар кӯшиш мекунад фаъолияти Сафоратро дар ҳошияи дигар самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бобати ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатии мо дар қаламрави ин кишвар, баланд бардоштани нуфузи тоҷикон дар Русия ва фароҳам овардани симои накӯи кишвару миллати тоҷикон пурзӯр хоҳад кард. Дар рафти тантанаи идона таъкид бар он шуд, ки чуноне роҳбари давлат борҳо ҳушдор додааст, тоҷикистониён ҳар куҷое кору зиндагӣ накунанд, бояд ба сулҳу ваҳдати миллӣ эҳтиром гузоранд, ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳ доранду ҳифз намоянд. Ҳамчунин ҳозиринро меҳмонони ҷашн муовини директори «Почтаи Русия» Владимир Салохутдинов, роҳбари Системаи интиқоли маблағҳо «Близко» Андрей Лайков, президенти Бунёди минтақавии дастгирии ниёзмандон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Герман Пашаев бо ин тантанаи миллии тоҷикон табрик намуда, хостори амният, сулҳу субот дар кишвари мо шуданд. Дар поёни тантана сухани хотимавиро кӯҳансолтарин намояндаи тоҷикистонёни Русия, шореҳи рӯзномаи «Тоҷикони Русия», пирамарди 72-сола Алексей Авганов гуфта, аз насли ҷавон хоҳиш кард, ки ба қадри Ватан, миллат ва сарзамини бобоӣ бирасанд, сулҳ ва ризоияти миллиро таҳким бахшанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






