Сироҷидин Аслов ба Сергей Лавров чӣ гуфт?
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди таҳлил қарор гирифтанд.Ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, энергетикӣ, тиҷорату иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба зарурати иҷрои қарордодҳое, ки дар ҷараёни вохӯриҳои сатҳи олӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар сатҳҳо ҳосил шудаанд ва инчунин ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия ва ҷалби бештари сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки робитаҳои мустақим ва табодули маълумот миёни мақомоти марбутаи ду кишвар бояд фаъолтар густариш ёбанд.Ҷонибҳо, ҳамчунин масълаҳои минтақавию байналмилалиро низ мавриди муҳокима қарор доданд. Оид ба вазъи кунунии Афғонистон дар партави ҳаводисе, ки дар ин кишвар рух медиҳанд ва метавонанд пайомадҳои ногуворе дошта бошанд, табодули назар сурат гирифт. Тарафҳо бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ аз чолишҳои амниятӣ имконияти роҳандозии як қатор иқдомҳои муштаракро баррасӣ намуданд.Масъалаҳои вобаста ба вохӯрии дарпешистодаи сарони ду кишвар, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Форумаи анъанавии байнипарлумонӣ оид ба ҳамкории байниминтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назар карданд.Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила, ки хосси муносибатҳои ду кишвар аст, баргузор гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






