Соҳаи тиб бо техникаи муосир ба муваффақият ноил мегардад
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки роҳбарияти ин ниҳод баргузор гардид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода оид ба дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат, бо мақсади фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат ва саривақтӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мухтасар иттилоъ дод.Н. Салимзода гуфт, ки вазорат дар самти таъмин ва воридсозии техникаи муосири ташхисию табобатӣ ба муваффақияти назаррас ноил гаштааст. Айни ҳол дар кишвар бо дарназардошти рушди тибби хусусӣ 6 адад томографи компютерӣ, 8 адад тамографи магнитию резонансӣ, 4 адад ангиграф, 3 маммограф, 7 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 2 эхокардиограф, 2 дастгоҳи поксозии хун фаъолият доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






