Соҳибкор ба давлат зиёда аз 1 млн зарар расонид
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Саидов Иброҳим Зоирович ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар қайди нозироти андози ноҳияи Вахш буда, дар давраи фаъолияташ аз соли 2012 то соли 2013 дар 43 ҳолат ба маблағи бештар аз 3 млн сомонӣ аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти ниёзи мардум ворид карда, ба нозироти андози ноҳия эъломия пешниҳод накарда, бештар аз 1 млн сомониро, ки ҳамчун андоз ба буҷет пардохт карда мешуд пинҳон намуда, бо фоизу ҷаримаҳояш ба давлат ба маблағи 1 млн 300 ҳазору 589 сомонӣ зарар расонидааст. Нисбат ба И.З. Саидов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






