Сохтмонҳои ҷашнӣ бо суръат идома дорад
Ҳисор, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Кулли сохтмонҳои ҷашнӣ бахшида ба 3000 солагии Ҳисор тибқи нақша давом дошта, дар 81 иншоот корҳои сохтмонӣ босифат ва босуръат идома дорад, иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон.Раиси ноҳия дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоии ноҳия, корҳои омодагӣ ба ҷашнҳои таърихӣ маълумоти муфассал дода, гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон кишоварзон ба комёбиҳои баланд ноил гаштанд,аз ҷумла кишоварзон бозорҳои Ҳисор ва 4 бозори шаҳри Душанберо бо маҳсулотҳои нисбатан арзони картошка, помидор, пиёз ва меваҷот таъмин менамоянд. Ҳамчунин расонидани шири аълосифати чорво ба сокинони пойтахт аз ҷониби чорводорони ноҳия ба 23 тонна дар як шабонарӯз расид. Раиси ноҳия аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми ватандӯсту сарбаланди Ҳисор изҳори сипос кард, ки дар рушду ободии ноҳия саҳми бузург доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






