Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар минтақаи Рашт
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Итилоот ва муошират» бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон ҷиҳати анҷом додани марҳилаи 2-юми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасуктураи коммуналӣ» ва дар татбиқи барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» баргузор гардид.Зикр гардид, ки ҳадафи барномаи мазкур беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаҳои фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфрасуктураи васеи мактабӣ бо истифодаи сифати мувофиқ мебошад.Гуфта мешавад, ки минтақаи фарогири барнома дар марҳилаи 2-юм , 20 ноҳияи вилояти Хатлон : А.Ҷомӣ , Бохтар, Ҷиликӯл, Қубодиён, Хуросон, Ҷ.Румӣ , Восеъ , Фархор Данғара , Кӯлоб ва дигар ноҳияҳоро дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






