Суғд: 120 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳ
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Чун дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мумфаршкунӣ ва таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд низ босуръат ҷараён дорад.Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки санаи 2 июл дар кӯчаи ба номи Муҳиддин Аминзодаи шаҳр мумфаршкунии роҳи наздик ба 1 километр оғоз ёфтааст.Роҳи кӯчаи мазкур таи 20 соли охир таъмирталаб буд. Барои анҷоми корҳои навсозӣ 120 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд, ки ин маблағ қисман аз ҷониби сокинон ва боқимонда аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пардохт мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






