Суғд: 2468 нафар тавассути низоми тестӣ имтиҳон супориданд
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз бори нахуст имтиҳони қабул ба мактабҳои олӣ тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ доир гардид.Ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, дар марказҳои имтиҳонии марказонидашуда 2468 нафар довталаби унвони донишҷӯ аз кластери 1, қисми «А» имтиҳон супориданд.Бояд гуфт, ки ба ин қисм 4 фанни таълимӣ — забони тоҷикӣ (давлатӣ), риёзиёт, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ дохиланд.Теъдоди умумии довталабони ба қайд гирифта шуда дар вилоят бештар аз 13 ҳазору 100 нафар, аз ҷумла ба ихтисосҳои кластери якум 2754 нафар буданд.Имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ дар 8 маркази имтиҳонии марказонидашудаи шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як вақт баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






