Суғд: 80 ҳ.сомонӣ барои истироҳати 833 нафар хонанда
Душанбе, 21.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар 15 мактаби шаҳри Қайроққум ва маркази таҳсилоти иловагӣ 3 басти истироҳати тобистона ташкил гардид, ки ба он 940 нафар хонанда ҷалб шуданд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум хабар доданд.Ба иттилои масъулин ҳамчунин барои ба истироҳати тобистона фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор, камбизоат ва кӯдакони болаёқат бо қарори раиси шаҳри Қайроққум 80 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо карда шудааст, ки он барои истироҳати 833 нафар хонанда нигаронида шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






