Суғд: нобудсозии 179 кг. маводи мухаддир
Хуҷанд, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Субҳи имрӯз, 15 июл дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи наъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор, баргузор гардид.Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони агентии мазкур ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 179 кг 247 гр. маводи нашъаовар ба тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Аз ин миқдор 9 килову 824 гр. «героин», 156кг 945 гр. «ҳашиш», 12 кг. 478 гр. афюн ва 2,2 литр маҳлули афюн мебошад. Маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, Хадамоти гумруки Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






