Суғд: Сайди моҳӣ ба 48 тонна расид
Душанбе, 26.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2014 -ум 933 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -ум 11,3 фоиз зиёд шудааст.Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2014 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 47,8 тоннаро ташкил намуд.Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед 4 фоиз, намуди зағорамоҳӣ 11,7 фоиз, гулмоҳӣ 2,1 фоиз, амури сафед 3 фоиз, намуди суфмоҳӣ (судак) 6,3 фоиз ва 72,9 фоизро дигар намуди моҳиҳо, аз ҷумла ҷумҷумамоҳӣ, аспакмоҳӣ ва шамшермоҳӣ ташкил мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






