Судяҳои пойтахт ба кадом камбудиҳо роҳ додаанд?
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҷаласаи васеи Раёсати суди шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, судяҳои суди ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе 2 июли соли ҷорӣ доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти кори суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар нимсолаи якуми соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе Ф. Додометов дар ин ҷаласа баромад намуда, зикр дошт, ки сифати кори судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе беҳтар гашта, қарорҳои қонуниву асоснок қабул мегараданд. Зикр гардид, ки иҷрои қарорҳои қабулгардида бояд зери назорати доимӣ қарор дода шаванд.Муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе А. Ашӯров гуфт, ки судяҳо барои сари вақт ва босифат баррасӣ намудани парвандаҳои шаҳрвандӣ тамоми чораҳоро андешида истодаанд, то ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъмин гардад. Баррасии судҳои сайёр ва баровардани таъинотҳои хусусӣ бояд бештар гардад.Муовини раиси суди шаҳри Душанбе Ш. Азизов вобаста ба фаъолияти судяҳо оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ зикр намуд, ки ҳоло ҳам камбудиҳо дар фаъолияти баъзе судяҳо ба назар мерасанд ва талаб кард, ки бе асосҳои кофӣ ҳолатҳои бе баррасӣ гузоштани парванда хотима дода шавад.Раиси суди шаҳри Душанбе Ҳ. Шарофов натиҷаи кори ҷаласаро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки дар маҷмуъ сифати кори судҳои ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе беҳтар гаштаааст, вале ҳоло ҳам сари вақт баррасӣ нагардидани парвандаҳо боиси муроҷиати шаҳрвандон мегараданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






