Сухтор дар Калифорнияи Амрико

Июль 5, 2014 11:11

Душанбе, 5.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар водии Напаи штати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сўхтори ҷангалзор ба амал омад. Ин ҳолат қариб ба 4 ҳазор манзили истиқоматӣ ва иншооти дигар хатар пеш овардааст. Барои фурў нишондани сўхтор дар водии Напа беш аз ҳазор нафар кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз чархболҳо ва техникаи дигар ба таври шабонарўзӣ фаъолият доранд. Гуфта мешавад, ки вазиши шамоли сахт масоҳати сўхторро лаҳза ба лаҳза васеъ карда, ба фаъолияти кормандони Хадамоти оташнишонӣ мушкилӣ пеш овардааст.
 
Фавти 45-нафар дар Ироқ
 
Душанбе, 5.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Ироқ дар натиҷаи бархўрди сохторҳои қудратӣ ва аъзои як қабила 45 кас ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захми гаштанд.Гуфта мешавад, ки задухўрди ҷонибҳо замоне ба вуқўъ пайваст, ки низомиёни амниятӣ кўшиши дастгир намудани рўҳонии ин қабила Али Соқи ал-Ҳасаниро доштанд. Номбурдаро дар банд намудани роҳҳои автомобилгард, муҳосира кардани дидбонгоҳҳои назоратӣ ва зери назорати хеш қарор додани маъбади Имом Ҳусайн дар ин нооромиҳо муттаҳам медонанд.
 
Фуруравии пул дар Ню-Йорк
 
Душанбе, 5.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Би-Би-Си» ҳафтаи равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА як қисми болоии пули Бурклин дар роҳи пиёдагард, фуру рафт. Бар асари ин ҳодиса 5-нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Сабабҳои фурў рафтани пул то ҳол муайян карда нашудааст. Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.
 
Ҳодисаи табии дар Россия
 
Душанбе, 5.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вилояти Твери Федератсияи Россия тундбод ва боришоти шадиди жола ба қайд гирифта шуд. Аз боридани зиёди борон ва жола боиси обхези ва канда шудани хатҳои интиқоли барқ гардид. Гуфта мешавад, ки Вобаста ба ҳаҷман калон будани жола болопуши бисёр хонаҳои истиқоматию маъмурӣ ва иншооти дигар қисман хароб гардиданд. Сокинони баъзе маҳалҳо аз истифодаи нерўи барқ маҳрум монданд. Мувофиқи иттилои шоҳидон дар баъзе маҳаллаҳо ҳаҷми жола қариб баробари тухми мурғ буд.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ 

Июль 5, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд