Супоридани 600 сомонӣ ҳақузвият ба МИТ
Душанбе, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон масҷидҳои ҷомеи кишвар муваззаф гардидаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои дар намози иди саиди Фитр ҷамъоваришаванда 600 сомонӣ ҳамчун ҳаққи аъзогӣ ба хазинаи Маркази исломии Тоҷикистон супоранд. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ Олимов -котиби масъули Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки маблағи аъзоҳаққии масҷидҳои ҷомеъи кишвар ба такмили донишҳои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, яъне ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ таҳия ва нашри адабиёти динӣ, такмили сомонаи расмии Маркази исломии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ барои пешбурди фаъолияти Маркази исломии Тоҷикистони сарф карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дирӯз таҳти раёсати раиси Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода доир гардид, санаи таҷлили иди саиди Фитр муайян карда шуд, ки ба рӯзи душанбе 28 июли соли 2014 рост меояд. Дар робита ба ин аз соати 7:00 -и 28 июл дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози иди Фитр баргузор мешавад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ин ҷаласа аз тамоми имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар даъват ба амал овардааст, ки дар маъвизаҳои худ доир ба кӯмак намудан ба ятимону барҷомондагон, маъюбон ва камбизоатон, риояи сарфаю сариштакорӣ ҷиҳати оростани хони идона ва ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ сухан намоянд. С. Абдурқодирзода таъкид намудааст, ки дар роҳандозӣ ва риояи ин масъалаҳо бояд имомхатибон барои қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар намунаи ибрат бошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






