Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Олмон
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Маликшо Неъматов Эътимодномаи худро ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Президенти ин кишвар Йоахим Гаук 16 июл супурд.Баъд аз маросими супурдани Эътимоднома дар Қасри Белвюи шаҳри Берлин Йоахим Гаук дипломати тоҷикро ҷиҳати сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.Дар оғози суҳбат Президенти федеролӣ Сафири тозатаъинро ба оғози фаъолияти дипломатиаш дар Олмон табрик гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳар ду кишвар изҳор намуда, дар бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мутақобилан судманд табодули назар карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






