Таҳлилу фаъолияти судҳои вилояти Суғд
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм оид ба фаъолияти шуъбаи Шӯрои адлия, судҳои вилоят, иқтисодӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд 2-юми июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Ҷаласаро сардори шуъбаи Шӯрои адлия дар вилояти Суғд Маъруфҷон Бурҳониён ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба фаъолияти Шуъбаи вилоятӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд маърӯза намуд. Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки дар Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим арзёбӣ гардид.Сипас, раиси суди вилояти Суғд Анварҷон Иброҳимзода доир ба фаъолияти суди вилоят дар нимсолаи аввал, сифати баррасии парвандаҳо дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ, ҷой доштани камбудиву норасоиҳо маърӯза намуд.Доир ба фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи аввал аз ҷониби раисони судҳои иқтисодӣ, ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ахборот манзур гардид.Дар фарҷом раиси Шӯрои адлия Зафар Азиззода фаъолияти ин мақомотро дар вилоят ва ҳар як судяро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонун зимни баррасии парвандаҳои судӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






