Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

Июль 2, 2014 08:58

Душанбе, 2.07.2014 (АМИТ “Ховар”).- 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) таҷлил мегардад. Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латифов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: “аввалан, ҳамаи хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик мегӯям. Бояд гуфт, ки АИПС — ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди байналмилалии хабарнигори варзишӣ аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд. АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. “Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.“Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Аҳдофи аслии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад”, — гуфт Нарзулло Латифов.АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе ва дараи Варзоб ҳамоиши намояндагони васоити ахбори оммаро доир кард. Хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев ва раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Шодӣ Сафаров муборакбод карданд.Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон гуфт, ки дар Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ сомонаи расмии интернетии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (olympic.tj) бо тарҳи нав ба кор даромад ва хабарнигоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Беҳтарин хабарнигорони соҳа — аъзои АЖРВТ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин байни хабарнигорон чорабиниҳои варзишӣ доир шуд, ки онҳо фаъолона ширкат варзида, на танҳо бо сухан, инчунин, дар амал пайвастагии худро ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит карданд.

Июль 2, 2014 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст