Таҷлили рӯзи маъюбон дар китобхона
Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода ).- Санаи 7- уми июни соли равон дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи маъюбон чорабинӣ баргузор гардид. Тавре , ки ба АМИТ «Ховар» аз КМТ иттилоъ доданд, чорабиниро муовини директори китобхона Ҳуринисо Ализода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баъдан директори ҷамъияти маъюбони “Имконият” Асадулло Зикрихудоев ва ҳуқуқшиноси ташкилоти мазкур Фотима Шамсиддинова оид ба ҳуқуқу имкониятҳои маъюбон ҳарф заданд. Воҳидов Эсанбой Раиси Ҷамъияти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Ҷамъияти “Нобиноён”- и ҷумҳурӣ Тенгниев Холмаҳмад низ дар ин чорабинӣ андешаҳояшонро иброз намуданд. Дар чорабинӣ намоиши филм бо номи “Фаъолияти маъюбон дар Тоҷикистон” ба намоиш гузошта шуда дар охир ба иштирокдорони маъюб аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дасти ёрӣ” тӯҳфаҳо супорида шуд.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар ҷумҳури 8 июл ҳамчун рӯзи маъюбони ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ дар ниҳоди маъюбон, нишон додани самимият ва эҳтироми табақаи солими ҷомеа нисбати маъюбон, зиёд намудани дӯстию рафоқат дар байни маъюбон буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






