Таҷлили рӯзи маъюбон дар китобхона

Июль 8, 2014 08:47

Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода ).- Санаи 7- уми июни соли равон дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи маъюбон чорабинӣ баргузор гардид. Тавре , ки ба АМИТ «Ховар» аз КМТ иттилоъ доданд, чорабиниро муовини директори китобхона Ҳуринисо Ализода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баъдан директори ҷамъияти маъюбони “Имконият” Асадулло Зикрихудоев ва ҳуқуқшиноси ташкилоти мазкур Фотима Шамсиддинова оид ба ҳуқуқу имкониятҳои маъюбон ҳарф заданд. Воҳидов Эсанбой Раиси Ҷамъияти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Ҷамъияти “Нобиноён”- и ҷумҳурӣ Тенгниев Холмаҳмад низ дар ин чорабинӣ андешаҳояшонро иброз намуданд. Дар чорабинӣ намоиши филм бо номи “Фаъолияти маъюбон дар Тоҷикистон” ба намоиш гузошта шуда дар охир ба иштирокдорони маъюб аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дасти ёрӣ” тӯҳфаҳо супорида шуд.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар ҷумҳури 8 июл ҳамчун рӯзи маъюбони ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ дар ниҳоди маъюбон, нишон додани самимият ва эҳтироми табақаи солими ҷомеа нисбати маъюбон, зиёд намудани дӯстию рафоқат дар байни маъюбон буд.

Июль 8, 2014 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд