Таҷлили Ваҳдати тоҷикон дар Чин

Июль 1, 2014 10:08

Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 15 нафар афсари Агентии назорати маводи нашъаовар, ки дар кори семинар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди сӯйиистеъмоли маводи нашъаовар” дар шаҳри Урумчӣ иштирок доранд, 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллиро дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати амнияти ҷамъиятӣ аз шаҳри Пекин ва роҳбарияти Академияи политсияи ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Чин ҷашн гирифтанд. Дар оғози чорабинӣ роҳбари гурӯҳи ҳайати Агентӣ ба ҳозирин дар бораи таърихи Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуда, ёдовар шуд, ки саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидсозии нерӯҳои пешоҳанги кишвар, барқарорсозии ҳаёти осоишта, созмон додани заминаи мустаҳкам барои раванди эҷодкунанда дар ҷумҳурӣ хеле калон аст. Ӯ иброз намуд, ки самари Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз кишвари мо бо мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Агентии назорати маводи нашъаовар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон, бо техника ва таҷҳизот таъмин намудани Агентӣ аз ҷумлаи робитаҳои судбахш аст.Айни замон кормандони Агентӣ тахассуси касбии худро дар шаҳри Пекин идома дода истодаанд.

Июль 1, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд