Табдили ном кардани бархе аз деҳаю деҳоти Хатлон
Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Бархе аз деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон табдили ном карданд. Дар робита ба ин 17 июл дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори марбута қабул карда шуд. “Ин тадбир бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳёи номҳои таърихии маҳал, гиромӣ доштани номи неки фарзандони фарзонаи миллат андешида шудааст”, гуфт зимни баррасии ин масъала Раҳимӣ Фарҳод -раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар назди аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар.Аз ҷумла, дар ноҳияи Балҷувон деҳоти “Саталмуш” ба деҳоти ба номи “Сафар Амиршоев”, деҳоти “Дектур” ба номи “Сайф Раҳим”, деҳаи Саталмуш ба Навбаҳор, деҳаи Чилатош ба Хуррамдеҳ, Қайрубак ба Чашмасор, Болдой ба Обшорон, деҳаи Дектур ба деҳаи Зарнисор, деҳаи Инакбой ба Ширинчашма, деҳаи Тошбулоқи боло ба Чашмасанги боло, Тошбулоқи поён ба Чашмасанги поён, деҳаи Чолтош ба Заркӯҳ, деҳаи Салоҳбек ба деҳаи Шифочашма, деҳаи Қаракамари эшонҳо ба деҳаи Самар, деҳаи Қаракамари ӯзбекҳо ба деҳаи Некмардон, дар ноҳияи Мӯъминобод бошад деҳоти “Кулчашма” ба номи “Нуралишо Назаров”, деҳаи Кулулу ба деҳаи Заркамар иваз карда шуданд.Инчунин дар ноҳияи Хуросон деҳаи Қизилқалъа ба Бандар, Уялӣ ба Хуросон, деҳаи Анҷумани 18-партсъезди поён ба деҳаи ба номи Неъматуллои Асадулло, дар ноҳияи Восеъ деҳаи Шурак ба номи Элмурод Хоҷаев гузошта шуд. Дар ноҳия Бохтар номи 6 деҳа -Питовник ба Боғпарвар, Эшма ба Кӯҳсор, Коммунизм ба Хушобиён, деҳаи ба номи Ломоносов ба Меҳргон, деҳаи ба номи Телмон ба Ганҷина, деҳаи ба номи Шмидт ба Сулҳобод иваз карда шуданд. Ҳамзамон деҳоти Ёли ноҳияи Шӯрообод ба номи Нуриддин Маҳмудов, деҳаҳои Кавлуч ва Деҳқаличи ҳамин ноҳия номҳои Дурахшон ва Давлатободро гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






