Тадқиқоти сотсиологӣ барои ошкор намудани нашъамандон
Душанбе, 21.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади дар оянда татбиқ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тадқиқоти сотсилогӣ оид ба ошкор намудани сатҳи афзоиши шахсони нашъаманд, таркиби синну солӣ ва вазъи иҷтимоии онҳо ташкил ва гузаронида шуда истодааст.Аз 13 то 20 июн аз ҳисоби кормандони вазоратҳо ва идораҳои салоҳиятдор 4 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Аз сабаби он, ки миқдори зиёди нашъамандон дар пойтахт арзи вуҷуд доранд, тадқиқоти сотсиологӣ дар шаҳри Душанбе 13 июн оғоз гардида, 30 сентябри соли 2014 ба итмом мерасад.Бояд зикр намуд, ки тадқиқот аз 4 марҳила иборат буда, дар он дар асоси саволномаи тартибдодашуда кормандони вазорату идораҳои салоҳиятдор, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намондагони дин, раисони маҳаллаҳо, шахсони нашъаманд, инчунин аъзои оилаи онҳо райъпурсӣ карда мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






