Таъмини 200 хонавода аз оби ошомиданӣ
Шуғнон, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон хати нави обгузар мавриди бахрабардорӣ қарор дода шуд. Ба ин васила боз 200 хонаводаи ин ҷамоати деҳот аз мушкилоти беобӣ раҳоӣ ёфтанд. Масофаи ин шабакаи обрасонӣ наздики панҷ километр буда, барои сохтмони он 158 ҳазору 600 доллари амрикоӣ сарф гардидааст.Қаблан сокинони ин ҷамоат барои дастрас кардани оби пок масофаи зиёдро тай мекарданд. Кӯдакон бошанд оби дарёро истеъмол мекарданд, ки ин хатари ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани онҳоро ба вуҷуд меовард. Ҳоло дар ҳар кӯча нуқтаи обгузар гузошта шудааст ва назар ба гуфтаи сокинон миқдорашон аз 20 адад бештар аст.Дар навбати худ сокинони ноҳия арз доштанд, ки ҷавобан ба ин гуна ғамхориву дастгириҳо кӯшиш менамоянд, то бо анҷом додани амали созандае баҳри ободонии як гӯшаи кишвари соҳибистиқлоламон талош варзанд. То охири соли равон татбиқи амалии барномаи таъминот бо оби ошомиданӣ дар зиёда аз 20 деҳаи ноҳияи Шуғнон дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






