Танзими раванди муҳоҷират

Июль 24, 2014 10:35

Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Суғдмеҳри Маъруфзод). Аз 02 январ то 17 июли соли 2014 ҷиҳати муайян намудани низоми ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия 960 мактуб ирсол карда шудааст, ки ба 510 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷавобҳои дақиқ гирифта шуд, аз ҷумла: — 80 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз имконияти ба Федератсия Россия ворид шуданро пайдо намуданд ва 420 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Федератсия Россия манъ карда шудааст;Аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба онҳо 35798 дона китобчаҳо ва буклетҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия тақсим карда шуд.

Июль 24, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд