Тарбияи дуруст пешгирӣ аз ҷиноят аст

Июль 31, 2014 10:58

Душанбе, 31.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Сатҳи ҷинояткорӣ дар солҳои охир байни ҷавонон боло рафтааст. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд ва боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кардааст, ки сари ин масъала масъулини ҳукумат бештар диққат зоҳир намоянд.Ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон мақомотҳои дахлдор бо волидону фаъолони ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ вохӯриҳо гузаронида, барои пешгирии ин зуҳурот чораҷӯй мекунанд.Дар ин робита суҳбате доштем бо мудири бахши иттилоотиву таҳллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров. -Ба ақидаи мавсуф ҳамчун як масъули соҳаи ҷавонон ҷиноят содир намудан аз муҳити носолим ба воя расидани шахс ва аз тарбияву ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дур мондани онҳо аст. Аз ҳамин сабаб онҳо даст мезананд ба ҷиноят, ки худ аз кардаи худ бедараканд. Ҳамзамон тарбияи хубу солим ва ростгўиву ростқавлиро пешгирӣ ва рафъи ҳамаи намуди ҷиноятҳо гуфтаанд.Коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон аз тарбияи дурусти фарзанд дар аёми кӯдакӣ ва наврасӣ вобаста аст. Агар мо дар оила фарзандонамонро ба ростгўӣ талқин намоем, онҳо дар оянда низ дигаронро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд.Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, пас маълум мегардад, ки дар ҳар давру замон барои косташавии ахлоқ ва зиёд содир шудани ҷинояткорӣ пеш аз ҳама ҳукумат бонги изтироб зада, ҷомеаро дар ин масъала ёвару ёрирасони худ мегирифт.Шоиру нависандагон барои эътидол овардани вазъи ахлоқии ҷомеа асарҳои пурғановати панду насиҳатиро аз қабили «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ» ва «Гулистон ва Бӯстон»-эҷод менамуданд.Имрўз дурӯғ гуфтан дар баъзе хонадон кариб, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Падару модар, ки ду мураббии бузурги хонадонанд, сараввал дурўғ гуфтанро ба фарзандони хурдсоли худ меомўзонанд ва сониян барои тарбияи онҳо ва аз роҳҳои зишт баргардониданашон заҳматҳои зиёд мекашанд, ки дигар суде намебахшад.Маъмулист, ки онҳо ба дурӯғ гуфтан одат намуда, дар ҷомеа аз рўи ин хислати бадашон хоҳу нохоҳ ба қонуншиканӣ роҳ дода, ҷиноят содир менамоянд. Ва ба содир намудани ҷинояташон пеш аз ҳама ҳукумат ва ҷомеаро дар ташвиш мегузоранд.Банда ҳамчун масъули соҳаи ҷавонон хуб медонам, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ сохторҳои дахлдор нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, тадбирҳои зиёди таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо сарфи маблағҳои зиёд дар ҳамаи маҳалҳо ба роҳ монда, дар сатҳи баланд доир менамоянд. Вале аз чӣ бошад, ки боз сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ноболиғон ва наврасону ҷавонон боло меравад. Роҳи наҷот аз ин падидаҳои номатлуб паҳлўи дигар дорад.Боз бармегардем ба оила. Агар мо аз айёми хурдсолӣ тарбияро хуб ба роҳ монем, росгўиву ростқавлӣ ва тарс аз Худову аз қонунро дар ниҳоди фарзанд хуб ҷой гузорем, пас метавонем ба ин васила пеши роҳи ҷинояткориро гирем.Тарбияи кӯдак ва эҳтиром ба қонуну садоқат ба Ватан дар айёми хурдсолӣ дар муҳити оилаи солим маншаъ мегирад. Ва барои пешгирии ҷинояткорӣ корро зина ба зина аввалан аз оила баъдан аз боғча, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа оғоз намоем. Дар ин ҳол мо метавонем, сатҳи ҷинояткориро паст намоем. Пеш аз ҳамкорӣ ва таҷлили чорабиниҳои таблиғотӣ ва ташвиқотии сохторҳои дахлдор, бояд ҳамкорӣ ва таҷлили чорабиниҳои тарбиявиро дар айёми хурдсоливу наврасӣ фарзандон байни оила, боғча, мактаб ва донишгоҳ пурзӯр намоем, ки он ба манфиати кор хоҳад буд. Хуллас, дар он сурат мо метавонем ҷинояткориро решакан намуда, ба давлату ҷомеа гавҳари ноёбро дар симои фарзанд ҳадя намоем.ин нуктаҳоро Ҷамолиддин Нуров, котиби масъули бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт.

Июль 31, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд