Ташкили 92 ҳ.245 ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон

Июль 23, 2014 11:28

Душанбе,23.07.2014(АМИТ«Ховар», Марҳабои Азамат)-Мутобиқи Барномаи мусоидати шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015, дар кишвар ташкили 138 ҳ.378 ҷои корӣ ба ҳисоб гирифта шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Дар нимсолаи авали соли 2014, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 92 ҳ.245 ҷойҳои корӣ ташкил карда шуд, ки аз он 30 ҳ. 728 ё ин ки 33,8 % ҷойҳои кори доимӣ, 29 ҳ.973 (32,5%)- муваққатӣ ва 31 ҳ.544(33, 8%) — мавсимист, ки дар умум 66,3% — нақшаи солонаи барномаро дар бар мегирад.Тибқи иттилои вазорати мазкур, вазорат бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ барои 1ҳ.960 шаҳрвандони бекор 6 млну 631, 1ҳ . сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки 1млну 874,2ҳ. сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда 63,2%- ро ташкил медиҳад.

Июль 23, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад