Ташкили мактаби махсус барои хонандагони шунавоияшон маҳдуд
Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт мактаби махсус барои хонандагони шунавоияшон маҳдуд ташкил гардид. Дар ин бора намояндаи расмии ҳукумати шаҳр иттилоъ дод.Тибқи иттилои манбаъ муассисаи нави таҳсилот дар асоси мактаби махсуси №8 -и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ташкил мегардад. «Ин ҷо мутобиқи фармони раиси шаҳр гурӯҳҳои томактабӣ барои кӯдакони ношунаво ташкил шуда, ҳама шароитро барои рушди онҳо муҳайё месозанд», қайд намуд манбаъ.Ғайр аз ин, раиси шаҳр ба Сарраёсати молиявии пойтахт супориш дод то воситаҳои заруриро барои беҳтар намудани базаҳои моддию техники мактаб ҷудо намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






