Таъсиси маркази нави қолинбофӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Колеҷи касбию ҳунарии № 56-и шаҳри Хуҷанд маркази омӯзиши қолинбофӣ таъсис ёфт.Тавре аз ин омӯзишгоҳ хабар доданд, ҳоло дар яке аз синфхонаҳои ин таълимгоҳ 14 нафар духтарони маҳаллӣ бо кумаки 6 нафар устод касби қолинбофиро меомӯзанд.Таълимгирандагон давоми се моҳ дар дастгоҳҳои махсуси омӯзишӣ нозукиҳои касби қолинбофиро аз худ намуда, баъдан имкон доранд фаъолияти худро дар дастгоҳҳои касбии ин марказ идома диҳанд.Гуфта мешавад, ки бо мақсади фаъолияти самараноки таълим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4 дастгоҳи қолинбофӣ ва 10 дастгоҳи омӯзишии ин касбро харидорӣ намуда, ба ин таълимгоҳ додааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






