Татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ

Июль 4, 2014 10:49

Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар чорчӯби сафари корӣ ба Лондон 3 июли соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартӣ мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ бо иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва инчунин дурнамои ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Бонк табодули назар сурат гирифт.Сироҷидин Аслов ба Президенти Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар давоми 15 соли охир арзи сипос намуд ва изҳори умед кард, ки лоиҳаҳои Бонк дар Тоҷикистон ба дастгирии бахшҳои хусусӣ, бонкӣ ва молияи хурд равона мешаванд.

Июль 4, 2014 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд