Таваҷҷуҳ ба бунёди мактабҳои нав дар Суғд
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 1 июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 — и ҷамоати деҳоти Чашмасор ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Сугд, сохтмони бинои мазкур соли гузашта оғоз ёфта, он бо мабалғгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохтааст. Мактаб барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шуда, толибилмон метавонанд дар утоқҳои барҳавову замонавӣ таҳсили илм намоянд.Бинои мазкур бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоят сохта, он бо тамоми лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






