Тоҷикистону Фаронса анҷуман созмон медиҳанд
Душанбе, 03.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ояндаи наздик анҷумани дӯстии «Тоҷикистон- Фаронса» таъсис дода хоҳад шуд. Ин ва дигар масоили марбут ба таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистону Фаронса дар меҳвари мулоқоти Сайдулло Хайруллоев -раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) ва Дидйе Леруа -Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. С. Хайруллоев роҷеъ ба таърихи фаъолияти ҷамъият ибрози назар намуда, гуфт, ки алҳол дар назди ҶДРФТ 19 анҷумани дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад. «Ҳадафи ин анҷуманҳо таҳкими дӯстӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва илмию адабии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист», афзуд С. Хайруллоев. Зикр шуд, ки дар доираи ташкили анҷумани дӯстии «Тоҷикистон- Фаронса» ҳамкорӣ байни олимону донишмандони ҳар ду кишвар ва табодули таҷриба дар бахши илм ба роҳ монда мешавад. Дипломати фаронсавӣ Дидйе Леруа иқдоми Раёсати ҶДРФТ-ро ҷиҳати созмон додани анҷумани дӯстии «Тоҷикистон -Фаронса» муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки ташкили ин ниҳоди фарҳангӣ барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши илму фарҳанги Тоҷикистону Фаронса нақши муассир хоҳад гузошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






