Тоҷикматлубот: ҳамарӯза 193 адад ярмарка дар барои танзими нарх

Июль 18, 2014 12:13

Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот барои таъмини аҳолӣ бо молу маводи ниёзи мардум дар моҳи шарифи Рамазон қарор қабул намуд. Мутобиқи қарор дар ҳар як ташкилоту хоҷагиҳои соҳа захираи доимии маҳсулот аз ҷумла : 20-25 тоннагӣ картошка, пиёз ва сабзӣ , 5-10 тонна, маҳсулот ярмаю лубиёгӣ , ташкил намуда инчунин парвариши 20-25 сари чорвои калоу майда ба роҳ монда шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев.С. Валиев ҳамчунин зикр намуд, ки бо мақсади танзим намудани нархи гӯшти гов то 34 сомонӣ ва гӯсфанд то 35 сомонӣ муайян карда шуд.Гуфта шуд, ки айни замон , ҳамарӯза 193 адад ярмарка барои танзими нарх дар маркази вилоятҳо, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар бозори «Шоҳмансур» — и пойтахт бошад, 2 адад нуқтаи фурӯши гӯшт ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза ба миқдори 1500 килограммӣ гӯшти гов бо нархи 32 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ин нисбат ба нархи бозор 12-15 фоиз арзонтар мебошад ва бо ин мақсад , 257 сар чорвои калон ва 421 сар чорвои майда харид карда шуд.

Июль 18, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд