Тухмиҳои хушсифат-гарави фаровонҳосилӣ

Июль 17, 2014 11:40

Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо мақсади таъмин намудани кишти ҳосили соли 2014 тибқи маълумоти оморӣ (ба 01.01.2014 с.) дар ҷумҳурӣ 56794 тухмии зироатҳои ғалладона ва лубиёгиҳо захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6431тонна зиёд буда, аз он гандуми тухмӣ 47997 тоннаро ташкил намуда, нисбати соли гузашта 3132 тонна зиёд мебошад, шолӣ 957 тонна, нисбати соли гузашта 174 тонна, тухмии лубиёгиҳо 1709 тонна захира гардидааст, ки нисбати соли гузашта 509 тонна зиёд мебошад, гуфт Давлаталӣ Ҳотамов муовини аввали вазири кишоварзӣ зимни баргузории нишасти хабарӣ.Картошкаи тухмӣ барои кишти соли 2014 дар ҷумҳурӣ 28851 тонна захира гардидааст, ки нисбати соли гузашта 3381 тонна кам мебошад.Тухмии сабзавот 105 тонна захира гардида, нисбати соли гузашта 44 тонна (131,1%) зиёд мебошад, қайд кард Давлаталӣ Ҳотамов.Хамчунин, гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз 44401 тонна пахтаи тухмии захирагардида 43892 тоннааш (98,5 %) коркард карда шудааст, ки аз он 22799 тонна чигити тухмӣ истеҳсол карда шудааст. Аз ин миқдор 12145 тоннаш (53,2 %) заҳролуд карда шудааст. Дар кишти соли ҷорӣ 228,3 тонна чигити лучаккардашудаи навъҳои ватанӣ ва чинӣ истифода бурда шудааст.

Июль 17, 2014 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд