Туризми дохилӣ рушд меёбад
Душанбе, 24.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи туризми дохилӣ моҳи июли соли равон саёҳати дохилии 17 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор аз ҷониби ширкати сайёҳии «Суғдиён — Помир — Тур» анҷом додааст.Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров моҳи равон бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Суғд чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби аъзоёни гурўҳҳои тарғиботиву ташвиқотии шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи принсипи «Ҳамсол ба ҳамсол» дар маҳалҳои зист, ҷои кор ва муассисаҳои таълимӣ бобати зиёд намудани сафи туристони дохилӣ ва ихтиёриён барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он 770 нафар аҳолӣ, ҷавонони синни то даъватӣ, фаъолон, сарварони мактабҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бригадаҳо, соҳибкорон ва падару модароне, ки 1як нафар ё зиёда аз он фарзандони лоиқи хизмати ҳарбӣ доранд иштирок намуданд. Ба иттилои манбаъ, дар вохӯуриҳои мазкур 43 нафар модарон тасмим гирифтанд, ки дар давраи даъвати тирамоҳӣ фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






