Вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ

Июль 22, 2014 09:22

Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва барномаи пешгирӣ намудани коррупсия дар идораву вазоратҳо мулоқоти ҳайати роҳбарикунандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барпо гардид. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Файзулло ҳадафи мулоқотро шарҳ дода иброз намуд, ки чунин вохӯриҳо танҳо ба манфиати фаъолияти вазорат мебошад. Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Миллопар Бандишоев зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи тандурустӣ,тақвияти пойгоҳи моддию иқтисодии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар мутаассифона дар вазорати мазкур сатҳи фасод сол ба сол ҳамоно ташвишовар буда, тамоюли зиёдшавӣ дорад. Чунончӣ агар дар 12-моҳи соли гузашта аз ҷониби кормандони вазорат ҳамагӣ 38-адад ҷиноятҳои коррупсионӣ содир шуда бошанд, пас фақат дар шаш моҳи соли равон ин шумора ба 41-адад расид, ки зиёди аз он дар тули 19-рӯзи баъди ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат аз ҷониби мақомоти Агентии мубориза алайҳи коррупсия боз 10-адад ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. Санаи 16 июли соли ҷорӣ духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нормуҳамад Хошаев барои ғайриқонунӣ озод намудани айбдоршаванда Отабек Кенҷаев, аз маҳбасхонаи тафтишотии шаҳри Хуҷанд аз падари 81-солаи ӯ Аҳмад Кенҷаев бо роҳи қаллобӣ 13 ҳазор доллари ИМА-ро талаб намуда гирифтааст. 4-июли соли равон мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Назаралӣ Зиёдалиев ба мақомоти раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба сардухтури худи ҳамин беморхона Асадулло Худойбердиев оид ба бо роҳи таъмаҷӯи аз ӯ гирифтани 3 ҳазор сомонӣ ва боз иловатан талаб карда гирифтани 300-доллари амрикоӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст. Асадулло Худойбердиев ҳамчун шахси мансабдор, бо суиистифодаи мақоми хизматиаш аз кормандони масъули беморхонаи таҳти роҳбарии ӯ қарор дошта, барои пуштибонии умумӣ дар фаъолияти корӣ мунтазам дар тули якуним соли роҳбариаш ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо маблағи муайян ба сифати пора талаб намуда мегирифтааст. Бо назардошти чунин ҳолати кор ва вазнинии ҷиноятҳои содирнамудаи сардухтури беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Асадулло Худойбердиев чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабсгирӣ татбиқ гашта ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар вазорату идораҳо баҳри пешгирии коррупсия идома дорад.

Июль 22, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад