Вазифаи нави Абдураҳмон Қодирӣ
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФС) интихоб гардид. Ин қарор дар конфронси ғайринавбатии интихобии Федератсияи футболи вилоят ба тасвиб расид. Дар конфронс асосан ду масъала -интихоби раис ва муовини ФФС мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин Рустам Марофиев — муовини раиси ФФС интихоб гардид. Боиси қаноатмандист, ки аз соли 2013 инҷониб чемпионати вилояти Суғд мақоми лигаи якумро гирифт ва айни замон дар он 12 даста иштирок менамояд. Ҳамчунин дар лигаи олии кишвар се дастаи вилоят “Хуҷанд” — и шаҳри Хуҷанд, “Далерон-Уротеппа” — и шаҳри Иставрашан ва “Парвоз” — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳунарнамоӣ доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






