Вазорат барои журналистон озмун эълон кард
Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии доимии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» озмун эълон менамояд.Дар озмун хабарнигорони телевизион, радио, рӯзномаю маҷалла ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд ҷараёни амалишавии “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015”бо назардошти матритсаи тадбирҳои стратегӣ ва дар ин давра татбиқ гардидани лоиҳаҳоро инъикос намоянд. Маводҳо бояд аз ҷониби рӯзноманигорон бо забонҳои тоҷикию русӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Дар озмун ба маводҳое, ки муҳтавои таҳлилӣ доранд, афзалият дода мешаванд. Барои беҳтарин мақола дар рӯзнома се ҷоиза: 200 $, 150 $ ва 100 $, барои беҳтарин барномаи радиоӣ: 170 $, 140 $ ва 100 $, барои беҳтарин барномаи телевизионӣ: 250 $, 150 $ ва 100 $ ва ба ғолибони беҳтарин маводи интернетӣ бошад 100 $, 80 $ ва 70 $ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Озмун то 30 сентябри соли 2014 идома ёфта, бояд маводҳои пешниҳодшаванда тавассути радиою телевизион пахш ва дар матбуоти даврӣ нашр гардида бошанд. Барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бояд ба озмун дар се диск (формати mp3 ва DVD) ва мақолаҳои дар матбуот чоп гардида бо се нусхаи рӯзнома ва маводҳое, ки дар сомонаҳои иттилоот нашр шудаанд, бо се нусхаи акси саҳифа пешниҳод карда шаванд.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






