Вазорати кишоварзӣ: саршумори чорвои калон 159452 сар
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рафти иҷрои Барномаҳои барқарорсозӣ ва рушди соҳаҳои занбӯрпарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутоспарварӣ, асппарварӣ, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, таҳти назорат қарор дорад, зикр намуд муовини аввали вазири кишоварзии кишвар Давлаталӣ Ҳотамов зимни нишасти хабарӣ. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшт-60520, шир-319581, пашм-3956 тонна, асал-500,5, гӯшти моҳӣ-330,7 тонна ва тухм 152 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 3,1 фоиз то 8,5 фоиз зиёд шудааст.Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) саршумори чорвои калон-159452 сар, аз ҷумла модагов -44713 сар, гӯсфанду буз-983019, асп-21377 ва парранда-2010577 сар мавҷуд мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,0 то 4,9 фоиз зиёд шудааст, иброз дошт Давлаталӣ Ҳотамов.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






