Вазорати нақлиёт: Роҳи оҳан ба Эрон низ пайваст мешавад!
Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-«Бо ҳал шудани масъалаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон Туркманистон масъалаи пайвастшавии роҳи оҳани Тоҷикистон бо Эрон низ ҳалли худро пайдо хоҳад кард»-гуфт Хайрулло Асозода вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.Ба гуфтаи мавсуф агар роҳи оҳани Туркманистон бо Тоҷикистон пайваст шавад,пас тариқи Туркманистон метавон ба Эрон пайваст шуд.Ҳамчунин, вазир таъкид намуд,ки ҳоло аз Эрон ба самти Туркманистон-Ўзбекистон-Душанбе роҳи оҳан вуҷуд дорад,мушкилот танҳо дар роҳи оҳани Панҷи поён ва Мазори шарифи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аст,ки дар он ҷо феълан асосноккунии техникӣ идома дорад. Хайрулло Асозода иброз дошт,ки пайваст шудани роҳи оҳани Панҷи поён ба Мазори шарифи Афғонистон қисмати дигаре мебошад,ки ба Туркманистон ва Эрон пайваст мешавад.Вазири нақлиёти кишвар зикр намуд,ки яке аз ҳадафҳои асосии сохтмони роҳи оҳан дар самти Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон,ин бо роҳи наздиктарин пайваст шудан бо Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






