Вохӯрии С.Аслов бо Д.Мезентсев
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар»,Пайрави Қосим ).- 28 июли соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳа дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай ва табдил додани минтақаи мо ба минтақаи сулҳи устувор, дӯстӣ, шукуфоӣ ва ҳамгироӣ манфиатдор мебошад.Сироҷиддин Аслов бо изҳори қаноатмандӣ арз намуд, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ бо дастгирии давлатҳои аъзо ва мақомоти доимамалкунанда, аз ҷумла Котиботи СҲШ тавонистем ба натиҷаҳои назаррас дар самтҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар ҳошияи Созмон, аз қабили аввалин вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозири СҲШ ноил гардем.Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ табодули назар оид ба доираи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории давлатҳои аъзо дар ҳошияи Созмон, аз ҷумла муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстримизм, сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои замон, ҳамкории мақсаднок дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра сурат гирифт.Дар анҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Котиботи СҲШ барои мусоидат ва саҳми шахсияшон дар баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи раёсати Тоҷикистон дар Созмон изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






