Вохӯрии вазири молия бо Эвелин Видмер-Шлюмпф
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вохӯрии Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо Роҳбари федералии Вазорати молияи Конфедератсияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлюмпф дар Душанбе баргузор гардид. Зимни мулоқот оид ба масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи молия, бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифт. Тавре аз котиботи Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ, ҳамчунин таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷорат , ҷалби сармояи Швейтсария дар дурнамои соҳаҳои Тоҷикистон , рушди соҳибкорӣ ва савдо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷонибҳо дурнамои татбиқи барномаҳои муштарак , ҳамчунин расонидани кӯмаки молиявӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон ва нақши созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар ин самтро муҳокима намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






