Вусъатёбии корҳои сохтмонӣ дар Фархор

Июль 22, 2014 09:23

Душанбе, 22.07.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Тайии солҳои охир Президенти кишвар Эмомали Рахмон барои ободонии ноҳияи Фархор диққати хоса дода истодааст, аз ин лиҳоз, аз ҳисоби дирексияи оид ба сохтмони иншоотҳои давлатии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1098,2 ҳазор сомонӣ, Вазорати маорифи ҶТ 506,9 ҳазор сомонӣ, «Барқи Тоҷик» 47,0 ҳазор сомонӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 530,0 ҳазор сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҶТ 100,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.Дар навбати худ корхонаҳои сохтмонии ноҳия ба миқдори 2104,9 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро намуданд.Дар моҳҳои январ — июни соли равон ба маблағи 27557,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, ба маблағи 41481,9 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27026,2 ҳазор сомонӣ ё ки 87,0 фоиз зиёд мебошад.Аз ҳаҷми умумии фондҳои асосӣ 9910,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби манзилҳои аҳолӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 14960,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ 2765,7 ҳазор сомонӣ, аз тарафи дирексиони сохтмонӣ иншоотҳои давлатии фонди Президенти ҶТ 13801,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Июль 22, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд