Ятимдухтарон дар «Чароғи ҳидоят» касб меомӯзанд
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ яке аз омилҳои муассир дар танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад, зикр намуд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсолаи вазорат. Дар шаш моҳи сипаригашта дар маҷмӯъ 58 ҳазору 303 нафар шаҳвандони бекор, корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд, ки 58 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.Сумангул Тағоева гуфт, ки ҳамзамон КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди 60 нафар ятимдухтарон, ноболиғон, ки бошандагони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» мебошанд, ба омӯзиши касбҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ ва асосҳои омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






