Занбури асалпарвари дар Ховалинг
Кӯлоб, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занони хонашин ва аз ин ҳисоб беҳтар гардонидани шароити иқтисодии оилаи онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва бахши занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ташкилоти зан ва замин ассотсиатсияеро ташкил намудаанд, ки дар он занон муттаҳид гардида ба кишоварзию ҳунармандӣ ва занбури асалпарварӣ машғуланд. Айни замон даҳ нафар занон дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ боғ бунёд намуда, дар байни қатори дарахтон обчакори мекунанд ва ҳама намуди кабудию сабзавот парвариш менамоянд.Дар ҷамоати деҳоти Сари осиёб низ гурӯҳи дигари занон ба занбури асалпарварӣ машғуланд ва даҳ нафари онҳо як оилагӣ занбури асалро нигоҳубин мекунанд, ки дар давоми шаш моҳ оилаҳои занбури асал ба 22 адад расидааст. Бо назардошти он ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои занбури асалпарварӣ мусоид аст ва маҳсулоти беҳтарин истеҳсол мешавад, мақомоти маҳаллӣ мақсад дорад, дар оянда занони хонашини ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияро ба ин шуғл ҷалб намоянд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






