Зилзила дар уқёнуси Ором
Душанбе,24.07.2014 (АМИТ «Ховар»,Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Ҳафтаи равон дар ҳавзаи уқёнуси Ором зилзилаи шадид бархост. Қувваи зилзила ба 6,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд. Таҷҳизоти зилзиласанҷӣ маркази ҷунбиши қишри заминро дар қисми ҷанубии галаҷазираҳои Фидҷии ҳавзаи Уқёнуси Ором дар умқи 612 километр муайян намуд.
Ноороми дар Нигерия
Душанбе,24.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар Нигерия дар яке аз минтақаҳои қисми шимолу шарқии мамлакат зимни задухурди мусаллаҳона 40 нафар аз сокинони маҳаллӣ ҳалок гардида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона гардиданд. Гуфта мешавад, ки дар пайи задухўрд ва ҳамлаҳои мусаллаҳона аз ибтидои соли равон то инҷониб 15 ҳазор нафар сокинони осоишта тарки манзилҳо худ намуданд. Таркиши нақлёт дар Туркия
Душанбе,24.07.2014 (АМИТ «Ховар» ), Дар яке аз роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Диёрбоқири Туркия автомобили ҳомили маводи сўхт мунфаҷир гардид. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар ин ҳодиса наздики 80 нафар шадидан осеб диданд. Мақсади Ҷенерал Моторс»-и Амрико
Душанбе,24.07.2014 (АМИТ «Ховар» ),Роҳбарияти ширкати «Ҷенерал Моторс»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақша дорад, ки нуфузи худро дар бозорҳои Аврупо дубора барқарор созад.Бо ин мақсад коргоҳи мазкур истеҳсоли автомобилҳои камарзишро ба роҳ монданист. Гурӯҳи ифротгаро дар Ироқ
Душанбе,24.07.2014(АМИТ«Ховар»), Ҳафтаи равон як гурӯҳи силаҳшўрони ифротгарои «Давлати исломи Ироқ ва Шом » дар қисми шимолии мамлакат ба яке аз ибодатгоҳҳои католикӣ ҳамла оварда, тамоми роҳибони онро аз маъбад берун ронданд. Бояд гуфт, ки ибодатгоҳи мазкур дар наздикии шаҳри Баҳида, ки аксари аҳолиаш насронимазҳаб мебошанд, ҷойгир аст.
Изҳороти Ҷон Керри
Душанбе,24.07.2014 (АМИТ «Ховар» ),Рӯзи гузашта котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керри аз расондани кўмаки башардўстона дар ҳаҷми 47 миллион доллар ба сокинони ҷафокашидаи минтақаи Ғаззаҳи Фаластин, ки манзилҳои зисти худро иҷборан тарк гуфтаанд, изҳорот дод.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






