Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо
Душанбе, 9.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 7-уми августи соли 2014 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо идома дорад. Варзишгарони тоҷик дар қатори дигар варзишгарон дар сабқатҳо барои гирифтани ҷойҳои намоён талош варзиданд.Дар намуди муҳорибаи якҳарба байни собиқадорон Фурқат Урунов ҷои аввалро соҳиб гардид. Ба ифтихори ин варзишгари тоҷик парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 52 давлати ҷаҳон баланд бардошта шуд ва Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.Дар муҳорибаи якҳарба байни духтарони наврас дараҷаи 2-юм Ҳуснида Разоқова ба гирифтани ҷои дуюм сазовор гардид.Ҳамзамон дар муҳорибаи якҳарбаи дараҷаи 3 байни духтарон Гулноз Ҳоҷиева ҷои сеюмро сазовор гардид.Дар намуди муҳорибаҳои гуруҳӣ дастаи варзишгарони навраси Тоҷикистон ҷои сеюмро соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Аз ғолибият ва дастовардҳои варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои дигар хабар хоҳем дод.
Дар ин бора аз бахши иттилооти Кумитаи чавонон хабар додан.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






