Қӯрғонтеппа- шаҳри зебои Тоҷикистон
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ба гунаи таҷрибаи нахуст дар ҳудуди вилояти Хатлон дар майдони «70-солагии водии Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯнамоии лоиҳаҳои меъмории маркази маъмурии вилоят, ки барои 20 соли оянда пешбинӣ шудаанд, баргузор шуд.
Дар минтақаҳои холии роҳи давродаври аввал сохтмони манзилҳои истиқоматии на кам аз 4-ошёна ва дар буриши кӯчаҳои асосӣ на кам аз 9, 12 ва 15-ошёна пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша варзишгоҳҳои каммасоҳати “Пахтакор”-у “Ҷавонӣ”-ро муҷтамаи варзишӣ — фароғатии “Қӯрғонтеппа”, ки аз майдони футбол барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, чорбоғ, бинои маъмурӣ, боғ барои калонсолон, чархофалак, фаввораи мунаввар иборат хоҳад буд, иваз хоҳад намуд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, изҳори боварӣ кард, ки масъулон ва соҳибкорон баҳри амалӣ гардидани лоиҳаҳои нақшаи кулли маркази маъмурии вилоят камари ҳиммат мебанданду шаҳри Қӯрғонтеппа ба яке аз шаҳрҳои зебою тараққикардаи Тоҷикистон табдил меёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






